Пайвандҳои дастрасӣ

Эъдоми 29 нафар дар зиндони Эвини Теҳрон


Сомонаи интернетии телевизиони давлатии Эрон хабар додааст, ки дар зиндони Эвини Теҳрон 29 шахси муҷрим ба дор овехта шуданд. Ба навиштаи муаллифон эъдомшудагон дар куштор, таҷовуз ба номус, ғоратгарии мусаллаҳона ва қочоқи маводи мухаддир муҷрим дониста шудаанд.
Эъдоми муҷримон баъди тасдиқи ҳукмҳо аз тарафи Додгоҳи олӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамин тариқ соли равон дар Эрон беш аз 100 кас эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG