Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шарқи Афғонистон даҳҳо толиб ба қатл расиданд


Арсало Ҷамол волии вилояти Хусти Афғонистон изҳор намуд, ки имрӯз бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои паймони НАТО аз 50 то 70 толиби силоҳбадаст кушта шуданд. Ба қавли Ҷамол субҳи якшанбе толибон болои минтақаи Спераи ҳаммарз бо Покистон ҳамла карда, ду афсари полисро ба қатл расонда буданд. Сипас полис аз НАТО кумак дархост намуд.
XS
SM
MD
LG