Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз 5000 то 6000 сентрифуга дорад


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, ки феълан ҷумҳурии исломӣ аз 5000 то 6000 сентрифугаи ғанигардонии уранро насб кардааст. Дар моҳи апрел шумораи сентрифугаҳои эронӣ ба 3000 баробар буд. Мансабдорони эронӣ борҳо иброз доштаанд, ки Теҳрон ғанигардонии уранро мутаваққиф нахоҳад кард. Ба гуфти онҳо ҳамчун кишвари шарик дар созиши адами тавсеаи силоҳи ҳаставӣ Эрон ҳақ дорад, маводи сӯхти ҳаставӣ тавлид намояд. Ҳафтаи гузашта дар Женева кишварҳои ғарбӣ ба Эрон ду ҳафта доданд, то ғанигардонии уранро мутаваққиф намуда, дар муқобили он ба баъзе имтиёзҳо дастрасӣ пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG