Пайвандҳои дастрасӣ

Караҷич муддатеро дар Вена сипарӣ кардааст


Рӯзи шанбе як рӯзномаи Австрия хабар дод, собиқ раҳбари сербҳои Босния, Радован Караҷич, ки бо ҷиноятҳои ҳарбӣ муттаҳам мебошад, ба ҳайси табиб муддатеро дар Австрия сипарӣ кардааст. Ба навиштаи рӯзномаи "Остерейш" аз моҳи июни соли 2006-ум то охири соли 2007-ум Караҷич дар Вена утоқеро дар хонаи як зани серб ба иҷора гирифта буд. Ба гуфти соҳиби ошхонаи ҳамон минтақа Караҷич ҳафтае ду ва ё се дафъа ба ошхонаи ӯ меомад.
Бар илова полиси Австрия эътироф кард, ки дар иртибот бо як куштор дар моҳи маи соли 2007-ум шахси шабеҳи караҷичро бозпурсӣ намуд, вале баъди истинтоқ ба ӯ иҷозат доданд, ки идораи полисро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG