Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич бар зидди истирдодаш иқдом намуд


Нимашаби ҷумъа мӯҳлати тақдими даъвои зидди истирдоди собиқ раҳбари сербҳои Босния Радован Караҷич ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ сипарӣ шуд.
Субҳи шанбе рӯзномаи "Политика", ки зери назорати ҳукумати Сербия қарор дорад, иттилоъ дод, ки шоми ҷумъа вакили мудофиаи Караҷич-Светозар Вуячич бар зидди истирдоди мавсуф ариза навишт. Рӯзнома аз нақли Вуячич овардааст, ки ӯ аризаро шоми ҷумъа тариқи почта ирсол намуд.
Вақте ки ариза ба дасти додгустарҳо расид, додгоҳи махсуси ҷиноятҳои ҳарбии Сербия дар давоми се рӯз ба хулоса меояд, ки истирдоди Караҷич ба додгоҳи Ҳайгро дастгирӣ кунад ё не?
Мақомоти серб мегӯянд, рӯзи душанбе онҳо ба боздошти Караҷич, ки даҳ сол инҷониб пинҳонӣ ба сар мебурд, муваффақ шуданд.
Додгоҳи байналмилалӣ собиқ раҳбари сербҳои Боснияро бо куштори дастаҷамъии мардуми ғайрисерб дар солҳои ҷанги Босния, яъне солҳои 1992-1995 муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG