Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон мардуми Туркияро ба ваҳдат даъват кард


Ду рӯз пеш аз арзёбии манъи фаъолияти ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти Туркия дар додгоҳи конститутсионӣ сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мардуми кишварашро ба ваҳдат даъват кард.
Дар мусоҳибае, ки рӯзи шанбе нашрияи туркии "Ҳуррият" ба табъ расондааст, Эрдуғон мегӯяд, эҳтимол ӯ дар гузашта ба хато роҳ дода бошад, вале ба қавли номбурда ҳоло Туркия ба "сулҳи иҷтимоӣ" ниёз дорад. Эрдуғон таъкид мекунад, ки ҳамаи туркҳо бояд дар ваҳдат ба сар баранд.
Додситонҳо Эрдуғонро бо кӯшиши ҷорӣ намудани шариати исломӣ ва поймол намудани қонунҳои дунявии Туркия муттаҳам мекунанд.
Онҳо саъй доранд, дар баробари манъи фаъолияти ҳизби ҳоким раҳбарони воломақоми он: сарвазир Эрдуғон ва президенти Туркия Абдуллоҳ Гулро ба муддати панҷ сол аз ишғоли курсиҳои давлатӣ маҳрум кунанд.
Ин муҳокима дар додгоҳи Туркия сарнавишти музокироти узвияти ояндаи ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупоро зери суол гузошта, бозорҳои молии Туркияро зери фишор қарор додааст.

XS
SM
MD
LG