Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳибаи Аҳмадинажод дар Амрико пахш мешавад


Телевизиони амрикоии NBC тасмим гирифтааст мусоҳиба бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро пахш намояд. NBC мегӯяд, хабарнигори ин шабака Браян Вилямс дар Теҳрон бо Аҳмадинажод ҳамсӯҳбат мешавад ва мусоҳибаро дар барномаи шомгоҳи душанбе намоиш хоҳанд дод. Мусоҳиба дар арафаи хатми зарбулаҷали шаш кишвари нерӯманди олам доир мегардад. ИМА, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон аз Эрон талаб кардаанд, ки то 2-уми август ғанигардонии уранро қатъ кунад. Дар ҳоли баръакс шашгона имкони тавсеаи таҳрими Ҷумҳурии исломиро дар миён мегузорад.

XS
SM
MD
LG