Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми Қазоқистон шурӯъ аз моҳи ноябри соли равон метавонанд соҳиби шиносномаҳои электронӣ гарданд.

Тавре вазорати адлияи кишвар иттилоъ додааст, алъон Қазоқистон аввалин кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки чунин навовариро пиёда мекунад. Ба бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бошад аз нимаи соли оянда бидуни шиносномаҳои электронӣ сафар кардан ғайриимкон мегардад. Вале аз ин дар Қазоқистон бок надоранд, зеро алъон дар ин ҷо ба корхонаи коғазҳои қиматдори кишвар 750 ҳазор шиноснома фармоиш дода шудааст.

Шиносномаи электронӣ аз шиносномаи муқаррарӣ чандон тафовут надорад. Фарқияташ танҳо дар ин аст, ки он дорои нишонест ва тавассути он дар шиноснома мавҷуд будани чип ва арқоми биометриро метавон фаҳмид. Ҳама маълумоти хусусӣ бо калиди имзои электрониву рақамӣ имзо шудаанд. Шиносномаи электронӣ тавассути нуктаҳои электронии байнулмилалӣ санҷида шудаанд. Қимати ин шиноснома аз шиносномаи оддӣ беш аз 350 танга ё се доллар гарон буда, анқариб 5000 танга аст, ки он муодили қариб 42 доллари Амрико мебошад.

Дар иттилоия вазорати адлияи кишвар зикр шудааст, ки шиносномаҳои электрониро барои ҳама, ҳатто барои кӯдаки навзод метавон гирифт. Вале ҳангоми ба 16 солагӣ расидан бояд шиносномаро табдил кард. Алъон ба ду нафар - раисиҷумҳур ва нахуствазири Қазоқистон шиносномаҳои электронӣ додаанд, вале тавре дар иттилоия омадааст, аз моҳи ноябр ҳар шаҳрванде, ки ниёз ба шиносномаи нав дорад, метавонад онро дастрас карда, бидуни мушкилот ба ағлаби кишварҳои Аврупо сафар намояд.

XS
SM
MD
LG