Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меттю Бриза аз Сухуми низ дидан кардааст


Меттю Бриза, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико, баъд аз дидор аз Гурҷистон ба Сухуми, пойтахти минтақаи ҷудоиталаби Абхозистон сафар кардааст.

Меттю Бриза талош дорад, раҳбарони Гурҷистону Абхозистонро барои ширкат дар музокироте, ки ҳафтаи оянда дар Берлин бо иштироки Русияву Амрико ва қудратҳои аврупоӣ хоҳад гузашт, ташвиқ мекунад.

Абхозистон дар ҳафтаи гузашта тарҳеро, ки вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер ба хотири ҳалли низоъи байни Тифлису Сухуми пешниҳод карда буд, радд кард.

XS
SM
MD
LG