Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама вориди Порис шуд


Барак Обама, довталаби курсии раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ рӯзи ҷумъа вориди Фаронса шуд.

Ӯ дар Порис бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркози мулоқот мекунад. Саркози, ки 2 сол пеш дар Вошингтон бо Обама мулоқот доштааст, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Фигаро” аз ӯ ҳамчун “дӯст” ном гирифтааст.

Барак Обама шоми панҷшанбе дар Берлин, пойтахти Олмон, дар баробари як издиҳоми бузурги иборат аз тақрибан 200 000 нафар сухан ронда, аз ҷумла мардумони Аврупову Амрикоро ба иттиҳоди дубора ба хотири муқобила ба чолишҳову таҳдидҳои муосир, назири терроризм, тағйири иқлим ва густариши силоҳҳои ҳастаӣ, даъват кард. Обама баъд аз мулоқот бо Саркози озими Бритониё хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG