Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви сабти номи намояндаи HRW дар Узбакистон


Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, Узбакистон фаъолияти намояндаи ин созмони дидбони ҳуқуқи башарро манъ кардааст. Ба гуфтаи ин созмон, мақомоти Узбакистон сабти номи намояндаи Ҳюман Райтс Вотч дар Тошканд Игор Воронтсовро лағв карда, гуфтаанд, ки дар сурати ба хориҷ рафтанаш, ба ӯ иҷозати бозгашт нахоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин созмон, Иттиҳодияи Аврупо сабти номи намояндаи Ҳюман Райтс Вотчро аз ҷумлаи шартҳои лағви таҳримот алайҳи Узбакистон қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG