Пайвандҳои дастрасӣ

Затулин аз ҳаққи вуруд ба Украина маҳрум шуд


Украина ҳаққи вуруд ба қаламраваш барои Константин Затулин, як узви қавмгарои парлумони Русияро манъ кардааст.

Киев Затулинро дар талоши тахриби истиқлолияти Украина муттаҳам мекунад. Сухангӯи нирӯҳои марзбонииУкраина гуфт, Константин Затулин рӯзи панҷшанбе ба қаламрави Украина роҳ дода нашуд. Дастури манъи вуруди Затулин охирин маврид аз танишҳои афзоянда байни Маскаву Киев бар сари ҳузури артиши дарёии Русия дар баҳри Сиёҳ ва азми Украина барои пайвастан ба НАТО маҳсуб мешавад. Флоти Русия феълан дар бандари Севастополи Украина мустақар аст.

XS
SM
MD
LG