Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори ҳамкории бештар бо IAEA шудааст


Алиасғар Султония, раҳбари ҳайъати Эрон дар Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, гуфт, кишвараш мехоҳад ҳамкориро бо ин ожонс тавсиъа бубахшад.

Ин изҳори назари фиристодаи Эрон ғолибан ба хотири рафъи нигарониҳо дар бораи эҳтимоли коҳиш ёфтани равобити Теҳрон бо ин идораи СММ будааст.

Рӯзи панҷшанбе ноиби раисиҷумҳури Эрон Ғуломризо Оқозода баъд аз мулоқоташ бо раҳбари Ожонси байналмилалии нирӯзи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Бародай ишорае бо чунин мазмун дошт, ки Теҳрон ба пазириши суолҳои аз ин бештари Ожонсӣ омода нест. Ин суолҳо ба гумонҳое марбутанд, ки пиромуни эҳтимоли ба хотири сохтани силоҳҳои ҳастаӣ кадом таҳқиқоти махфӣ ва озмоишҳоеро анҷом додани Теҳрон вуҷуд доштаанд.

XS
SM
MD
LG