Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин рӯз барои бозбинии ҳукми истирдоди Караҷич


Имрӯз барои Радован, Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Буснӣ, охирин рӯз аст, ки бознигарии ҳукми додгоҳи Сербистон ҷиҳати истирдоди ӯ ба додгоҳи байналмилалии Ҳейгро тақозо кунад. Светозар Вуячич, вакили мудофеъи Караҷич гуфтааст, ӯ ин тақозоро дар охирин лаҳазот, яъне шоми ҷумъа, тавассути почта ирсол хоҳад кард. Дар чунин сурат, муҳокимаи дархости Караҷич ба аввали ҳафтаи оянда мавқуф гузошта хоҳад шуд.

Радован Караҷич, ки ба наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияи собиқ муттаҳам мешавад, баъд аз 13 соли дар ҳоли фирор ба сар бурданаш, рӯзи душанбе дар Белград, пойтахти Сербистон боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG