Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама имрӯз вориди Фаронса мешавад


Барак Обама, довталаби курсии раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ имрӯз вориди Фаронса шуда, бо раиси ин ҷумҳурӣ Никола Саркози мулоқот мекунад. Саркози, ки 2 сол пеш низ бо Обама мулоқот доштааст, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Фигаро” аз ӯ ҳамчун “дӯст” ном гирифтааст.

Обама шоми панҷшанбе дар Берлин, пойтахти Олмон, дар баробари як издиҳоми бузурги иборат аз тақрибан 200 000 нафар сухан ронда, аз ҷумла мардумони Аврупову Амрикоро ба иттиҳоди дубора ба хотири муқобила ба чолишҳову таҳдидҳои муосир, назири терроризм, тағйири иқлим ва густариши силоҳҳои ҳастаӣ, даъват кард. Барак Обама ҳамчунин хостори намоиши тозаи қатъияти Амрикову Аврупо дар амри шикаст додани Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон шуд.

XS
SM
MD
LG