Пайвандҳои дастрасӣ

Итолиё ба Либия "миллиардҳо" хоҳад пардохт?


Сайфулислом Қаззофӣ, фарзанди бузурги раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ, гуфтааст, Итолиё барои 31 соли истеъмори ин кишвар ба маблағи , ба гуфтаи ӯ, "миллиардҳо" ҷуброн хоҳад пардохт.

Хабаргузории давлатии Либия аз қавли Сайфулислом Қаззофӣ навишт, ки чунин созишнома ба зудӣ имзо хоҳад шуд.

Фарзанди Қаззофӣ гуфт, ин маболиғ дар тарҳҳои эъмори зербино ва маориф масраф хоҳанд шуд.
Рӯзи панҷшанбе сарвазири Итолиё Силвио Берлускони гуфт, кишвараш қасд дорад то 31 август бо Либия як паймони дӯстӣ имзо кунад.
Либия аз соли 1911 то соли 1942 таҳти султаи Итолиё қарор дошт.

XS
SM
MD
LG