Пайвандҳои дастрасӣ

Байни Тоҷикистону Узбакистон 30 хатт боз мешавад


Абдураҳим Ашӯр, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон гуфтааст, ба зудӣ байни Тоҷикистону Узбакистон 30 хаттсайри иртиботи нақлиётӣ боз хоҳанд шуд. Оқои Ашӯр гуфт, ҷониби Душанбе созишномаеро, ки ба гуфтаи вай, солҳо бидуни ҳаракат хобида буд, тасвиб карда, мунтазири тасвиби ниҳоии он аз сӯи мақомоти Тошканд нишастааст.

Иртибототи мусофирбарӣ байни Тоҷикистону Узбакистон дар пайи ҷорӣ шудани низоми раводид ва минакорӣ шудани марзи байни ду кишвар аз сӯи Тошканд қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG