Пайвандҳои дастрасӣ

Меттю Бриза - дар Гурҷистон


Меттю Бриза, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико, ба хотири музокироти мавзӯъи вилояти ҷудоиталаби Абхозистон дар Гурҷистон ба сар мебарад. Бриза гуфтааст, ӯ имрӯз ҳамроҳ бо сафири Олмон дар Тифлис Патрисия Флор ба Сухуми рафта, бо раҳбари Абхозистон Сергей Багапш мулоқот хоҳанд кард.

Меттю Бриза гуфтааст, ӯ раҳбарони Гурҷистону Абхозистонро барои ширкат дар музокироте, ки ҳафтаи оянда дар Берлин бо ширкати Русияву Амрико ва қудратҳои аврупоӣ хоҳад гузашт, ташвиқ мекунад.

Абхозистон дар ҳафтаи гузашта роҳи ҳаллеро, ки вазири хориҷаи Олмон пешниҳод карда буд, радд кард.

XS
SM
MD
LG