Пайвандҳои дастрасӣ

Тавқифи чопи рӯзномаи "Ҳамшаҳрӣ"


Аз Эрон гузориш мерасад, ки мақомот нашри шомгоҳии рӯзномаи пурхонандаи “Ҳамшаҳрӣ”- ро мамнӯъ кардаанд. Хабаргузории расмии “ИРНА” навиштааст, чопи рӯзномаи мазкур барои он муттавақиф шуд, ки “иттилоъоти нодурусти зиёновар барои иқтисоди кишвар” дошт. Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро борҳо барои сиёсатҳои иқтисодиаш бахусус дар робита ба афзоиши тавварум танқид кардаанд.
XS
SM
MD
LG