Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми ҷиддӣ нисбат ба Ҳомиди Карзай


Як мақоми олирутбаи собиқи Амрико Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистонро ба он муттаҳам кард, ки монеъи талошҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мешавад ва раҳбарони қочоқбаронро ҳимоят мекунад. Раҳбари собиқи идораи ҳукумати Амрико барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон Томас Швейх, ки моҳи гузашта аз ин мақомаш дар вазорати умури хориҷа истеъфо дод, дар мақолае дар маҷаллаи “Ню Йорк Таймс” навиштааст, ки ҳукумати Афғонистон дар махфӣ нигоҳ доштани тиҷорати маводи мухаддир дасти дароз дорад. Ҳомиди Карзай рӯзи панҷшанбе ин иддаъои Томас Швейхро рад кард, ки ӯ ду сол дар сафорати Амрико дар Кобул ба ҳайси як мақоми баландпояи бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кор мекард.

XS
SM
MD
LG