Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама:"Деворҳои ҷудоиро барандозед"


Номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳузури ҳазорон нафар дар шаҳри Берлин гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд “деворҳоеро барандозад”, ки ҷудоӣ ва миёни мардумон низоъ мекоранд. Барак Обама боздид аз кишварҳои аврупоиро бо суханронӣ дар назди ҷамъияти тақрибан 200 ҳазор нафарӣ дар як боғи марказии шаҳри Берлин шурӯъ кард. Номзади Ҳизби Демократ гуфт, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, бо зуҳуроти афзояндае ба мисли тероризм, тағйири иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ муқобила кунад, пас набояд аз ҳам ҷудо бошад.

XS
SM
MD
LG