Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиноси рус: Қабули Эрон ба СҲШ хатар дорад


Таҳлилгарони сиёсии Русия ҳадс мезананд, ки дар нишасти Созмони Шонгҳой дар шаҳри Душанбе узвияти Эрон ба ин созмон мавзӯъи асосӣ хоҳад буд.

Профессори таърих, коршинос дар масоили сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Артём Улунян бо баршумурдани ин мавзӯъҳо ҳамзамон таъкид кард, ки Русия аз ин созмон манофеъи сиёсию низомӣ интизор дорад ва барои мувозинат бо эътилофи Атлантикаи Шимолӣ хостори таҳкими созмон аст.

Ин дар ҳолест, ки коршиноси мустақили низомӣ Александр Голс мегуяд, аз нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе чизеро интизор набояд буд. Ба гуфтаи ӯ, нишаст дар Душанбе ҳам чун ҷаласаҳои пешин як ҳамойиши маъмулӣ хоҳад буд. Вай гуфт, «ман дурнамои ҳамкориҳои мутақобилаи давлатҳои узви Созмони Шонгҳойро мушоҳида накардаам ва дар ин маврид эъломияи хосе ҳам мавҷуд нест».

Дар мавриди пазируфтани аъзои нав ба созмони Шонгҳой Артём Улунян ба ин назар аст, ки қабули Эрон ба Созмони Шонгҳой метавонад субот дар ҷаҳонро ба ҳам бизанад. Александр Голс ҳам ба ҳамин назар аст ва мегуяд, пазируфтани Эрон ба созмон ба маънии майдонталабии Русия бо Амрико хоҳад буд ва ин ҳам дар дар шароитест, ки НАТО дар марзҳои ғарбии Русия мехоҳад ҳузури низомии худро таҳким бахшад.


Аммо дар посух ба пурсише, ки Тоҷикистон ба чи хотир барои узвияти Эрон дар Созмони Шонгҳой ибтикор кард, профессор Улунян шарҳ дод, ки ин иқдоми Тоҷикистон табиист ва кишварҳои форсигӯ - Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон - мехоҳанд дар ҷомеъаи байнулмиллалӣ ба ҳайси як иттиҳодияи тавоно ширкат намоянд.

Ба эътиқоди ҳарду коршинос, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои бузурге ба мисли Чин ва Русия ба суди минтақа аст. Ба гуфтаи Артур Улунян, узвияти ин кишварҳо ба Созмони Шонгҳой метавонад василаи ҷилавгирӣ аз хушунатҳои қавмӣ дар минтақа шавад. Ба қавли вай, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои баҳрагирӣ аз манобеъи саршори оби худ аз сармояҳои Чину Русия метавонанд истифода кунанд. Александр Голс бар он аст, ки феълан ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Чин барои ин кишварҳо бештар судманд хоҳад буд, ба далели ин, ки Чин имконоти бештар дорад.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ташкилоти байнулмиллалии байниҳукуматист. 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шонгҳойи Чин ташкил шудааст. Қарогоҳаш ҳам дар ҳамон ҷост. Ба созмон Русия, Чин Тоҷикистон, Қазоқистон Қирғизистон ва Узбакистон аъзо мебошанд. Ҳинд, Покистон, Эрон, Афғонистон ва Муғулистон номзадҳои билқувва ба узвияти Созмони Шогҳой ҳисобида мешаванд. Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Шонгҳой 28 августи соли равон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG