Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Олмон парвандаро муштарак тафтиш мекунанд


Олмон бархе аз асноди парвандаи марбут ба тафтиши қазияи заҳролудсозии Александр Литвиненко, собиқ афсари Хадамоти федеролии амнияти Русия ва шаҳрванди Бритониёро дар ихтиёри Маскав гузошт. Тавре намояндаи кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия Владимир Маркин хабар дод, гурӯҳи муфаттишони рус ахиран дар робита ба ин парванда дар Гамбург бо мақомоти додситонӣ ва полиси Олмон дидору гуфтугӯ дошт. Ва аммо дар мавриди он ки кадом аснод ба мақомоти Русия дода шудааст, иттилоъе зери даст нест.
Александр Литвиненко моҳи ноябри соли 2006 бар асари заҳролудшавӣ аз маводи радиоактиви полониум-210 ба ҳалокат расида буд. Бритониё Андрей Луговой, собиқ афсари Хадамоти Федеролии Амнияти Русияро дар ин заҳролудсозӣ гумонбар медонад ва истирдоди ӯро ба Лондон талаб дорад.
XS
SM
MD
LG