Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикҳо барои кор ба Арабистони Саъудӣ мераванд


Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои кор дар Арабистони Саъудӣ имкон пайдо хоҳанд кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, асноди зарурӣ дар ин бора тайи ду моҳи оянда аз сӯи шоҳи Арабистони Саъудӣ имзо хоҳад шуд. Ва аммо гуфта мешавад, ки ба шаҳрвандони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ корҳои камдаромад – хизматгор ва ронанда пешниҳод хоҳад шуд. Ба иттилоъи расмӣ, маоши хизматгор 750 риёл ё баробар ба 200 доллар амрикоист, ронанда бошад каме бештар – 900 риёл моҳона дарёфт хоҳад кард. Ва аммо бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Арабистони Саъудӣ метавонанд ба дигар шуғлу ҳунарҳо ҳам машғул шаванд ва маоши мутобиқ бигиранд.

Айни ҳол тақрибан як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияву Қазоқистон ва бархе аз кишварҳои аврупоиву қораи Осиё дар муҳоҷирати кориянд. Вазъи онҳо аз ҳама бештар дар Русия сангин аст ва муҳоҷирони тоҷик пайваста мавриди таҳқиру лату кӯби аъзои гурӯҳҳои миллатгаро ва кормандони пулису корфармоён қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG