Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаторҳои Озарбойҷон аз роҳи нав ба Аврупо мерасанд


Имрӯз сарони Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон дар маросими шурӯъи бунёди як бахши роҳи оҳане, ки Бокуро бо шаҳри Қарси Туркия мепайвандад, ширкат карданд. Ин хатти роҳи аҳан аз қаламрави Гурҷистон мегузарад ва бахши аъзами он аллакай сохта шудааст. Барои итмоми тарҳ бояд 76 километр роҳи оҳан дар қаламрави Туркия ва андаке бештар аз 100 километри дигар дар қаламрави Гурҷистон бунёд шавад. Ин тарҳ, ки 600 миллион доллар арзиш дорад, Озарбойҷонро бидуни убур аз Русия бо Аврупо мепайвандад.

XS
SM
MD
LG