Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳоро ба Афғонистон президенти нав мефиристад


Тасмим дар бораи интиқоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Афғонистон баъд аз интихоботи президенти нави ИМА гирифта хоҳад шуд. Ҷозеф Моррел, намояндаи вазорати дифоъи Амрико гуфт, ки маъмурияти Ҷорҷ Буш бо далели идомаи амалиёти низомӣ дар Ироқ тавони то охири соли равон ба Афғонистон фиристодани нерӯҳои иловагиро надорад.

Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон хостори интиқоли боз 10 ҳазор афсару сарбоз шудааст ва мегӯяд, ки ин нерӯҳо барои мубориза бо муқовимати афзояндаи Толибон дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон заруранд. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 30 ҳазор низомиёни ИМА мустақаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG