Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Майкрософт Бил Гейтс ва шаҳрдори Ню Йорк Майкл Блумберг тасмим доранд барои мубориза бар зидди сигоркашӣ 375 миллион доллар ихтисос диҳанд.

Ду милиардери саховатманд, ки сарвати муштаракашон беш аз 70 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, дирӯз эълом намудаанд, ки маблағи зикршуда ба кишварҳои дар ҳоли рушд, ки истеъмоли тамоку дар онҳо ниҳоят зиёд аст, дар амри ҷилавгирӣ аз ин падида кӯмак хоҳад расонд. Ҳадс зада мешавад, ки беш аз 1 миллиард нафар дар сартосари ҷаҳон сигор мекашанд.

Барои анҷоми барномаҳои боло бурдани молиёти тамоку, кӯмак барои даст кашидан аз ин одати бад, ҳифзи ғайрисигориҳо аз дуди тамоку дар тамоми олам Майкл Блумберг 250 ва Бил Гейтс 125 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунанд. Ин маблағ инҷунин барои таҳқиқи роҳҳои паҳншавии истеъмоли тамоку ва таҳияи стротежии идораи он истифода хоҳад шуд.

Шаҳрдори Ню Йорк ки аз мухолифони ашадии тамокукаши маҳсуб мешавад дар баёнияи худ навиштааст ки ӯ ва Гейтс мехоҳанд таъкид кунанд ки ин мушкил то чӣ андоза ҷиддӣ аст ва кушиш доранд, як ҷумбиши саросарии зидди маризии тамокукаширо биангезанд.

Блумберг аллакай соли 2006 бунёдеро таъсис дода барои мубориза бо тамокукашии саросарӣ 125 миллион доллар маблағгузорӣ карда буд. Маблағҳои бунёди Блумберг асосан барои маъракаҳои зидди тамокукашӣ дар кишварҳои нодор ва бо даромади миёна, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Русия ва Бангладеш, сарф мешаванд. Бунёд пажуҳишҳо дар бораи сабабҳои афзоиши шумораи сигоркашон дар он кишварҳо анҷом медиҳад.

Он замоне, ки Блумберг бори нахуст дар бораи сигоркашӣ ҳамчун мушкили умумиҷаҳонӣ зикр карда, 125 миллион доллар барои мубориза бо ин мараз пешниҳод карда буд, аксарияти саховатмандони ҷаҳон ин иқдомашро нодида гирифтанд. Шаҳрдори Ню Йорк гуфт, умед дорад шумораи бештари сарватмандон ва бунёдҳои имдоди ба ин мушкил рӯ биёранд.
Бил Гейтс дирӯз эълом намуд, ки 24 миллион аз маблағи ихтисосшуда бевосита барои барномаҳои бунёди Блумберг равона мешаванд, ки аллакай дар ҳоли анҷомшавианд.

Боқии пулҳои Гейтс аз тариқи бунёди худаш барои оғози маъракаи зиддитамокукашии алоҳида аз ҷумла пешгирӣ аз афзоиши истеъмоли тамоку дар Африқо сарф мешаванд.

Майкл Блумберг худаш аз сигоркашӣ 30 сол қабл даст кашид ва дар мақоми шаҳрдор бо ин одати бад ва хатарнок муборизаи шадид мебарад. Бо ташаббуси Блумберг дар Ню Йорк қонуне қабул шудааст, ки тибқи он дар тамоми сохтмонҳои ҳукуматӣ ва инчунин тарабхонаҳо кашидани сигор қотеъона манъ аст.

XS
SM
MD
LG