Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайравии Радован Караҷич ба Милошевич


Радован Караҷич - раҳбари собиқи сербҳои боснӣ зимни муҳокима дар Додгоҳи Ҷиноятҳои Ҷангии СММ бидуни вакил аз худаш дифоъ мекунад. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Светозар Вуячич, ба раҳбари пешини сербҳои боснӣ дар додгоҳи Ҳейг ва ё Гаага гурӯҳи вакилон кӯмак хоҳанд расонд, аммо зимни муҳокимаи додгоҳӣ вай худаш аз худ дифоъ хоҳад кард. Бруно Векарич - сухангуи додгоҳи ҷароими ҷангии Сербистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Радован Караҷич ба зудӣ ба додгоҳи байналмилалӣ супурда хоҳад шуд. Радован Караҷич ки ба наслкушӣ дар замони ҷангҳои 1992 1995 дар қаламрави Югославияи собиқ муттаҳам мешавад, баъди бештар аз як даҳсола шоми душанбе дар шаҳри Белград дастгир шуд. Вай бо тағйири ном ва гузоштани ришу мӯи сари жӯлида ба ҳайси табиб дар як бемористон кор мекардааст. Ба гуфтаи вакилаш Радован Караҷич хостааст, то ришу мӯи сари ӯро кӯтоҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG