Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Обама аз Ховари Миёна поён меёбад


Борак Обама номзади Ҳизби Демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҷараёни боздиди худ аз Исроил гуфтааст, агар вай раиси ҷумҳур интихоб шавад, муносиботи Амрико бо Исроил бештар таҳким хоҳад ёфт. Вай баъд аз мулоқоташ бо Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил гуфт, вай чӣ дар нақши сенатор ё чӣ дар нақши раиси ҷумҳури Амрико ба муносиботи вижа бо Исроил ва ба амнияти ин кишвар бартарӣ қоил хоҳад буд.
Дар поёни боздиди худ аз Ховари Миёна Борак Обама бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин низ дар Ромаллоҳ мулоқот кард. Дар ин мулоқот Салом Фаёд-нахуствазир ва Соэб Эрекот-раҳбари музокироти сулҳи Фаластин ширкат доштанд. 24-уми июл боздиди Борак Обама аз Ховари Миёна поён меёбад ва вай дар идомаи силслабоздидҳояш вориди Олмон мешавад.
XS
SM
MD
LG