Пайвандҳои дастрасӣ

Ниругоҳи Норак бо кумаки Олмон таъмир мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Олмон дар бораи сармоягузории таъмири ниругоҳи барқи обии Норак ва поксозии бистари обанбор қарордоде имзо кардаанд. Тибқи қарордоди мазкур ҷониби Олмон барои анҷоми ин корҳо 25 милён евро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Корҳои таъмир дар ду марҳала анҷом мегирад. Аз соли 2002 ба ин су ҳукумати Олмон 81-милёну 600 ҳазор евро қарз дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG