Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Диолаи Ироқ амалиёти зидди Ал-Қоъида анҷом мегирад


Артиши Ироқ мегуяд, ҳудуди 30 ҳазор сарбоз ва пулиси Ироқ омодаанд дар аёлати Диолаи ин кишвар бар зидди афроди Ал-Қоъида амалиёт анҷом диҳанд. Қарор аст ин амалиёт якуми август оғоз шавад. Генерал Абдулкарим Халаф-сухангуи вазорати дохилаи Ироқ 13-уми июл дар бораи ин амалиёт хабар дода буд, Вале рузи оғози онро мушаххас накард. Аёлати Диола ва Бақуба-маркази он аз манотиқи хатарнок ба шумор мераванд. Дар ин аёлат шуришиён мунтазам даст ба ҳамла мезанданд.
XS
SM
MD
LG