Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози бритониёӣ дар Афғонистон кушта шуд


Як сарбози бритониёӣ, ки дар таркиби нируҳои НАТО дар Афғонистон хидмат мекард, аз захми тир даргузашт. Нирҳои эътилоф мегуянд, рузи сешанбе тундравҳо ба суи чанд сарбози НАТО, ки дар вулусволии Каҷакии вилояти Ҳилманд машғули гашт будаанд, тирандозӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико мегуянд, онҳо дар вилояти Вардак чанд тундравро нобуд кардаанд. Вале дар вилояти Нангарҳор баъд аз бархурди корвон ба мини шуришиён раиси пулиси як вулусволӣ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG