Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози курдҳо ба қонуни нави Ироқ


Вакилони мардумии Ироқ қонунеро қабул карданд, ки роҳро барои интихоботи маҷлисҳои вилоятӣ боз мекунад. Аммо вакилони мардумии курд дар порлумон бо нишони мухолифат ба қонун толори порлумонро тарк карданд. Онҳо мухолифи раъйи пинҳонӣ барои интихоби вакилони маҷлиси шаҳри саршор аз захираҳои нафти Киркук ҳастанд. Бо вуҷуди толорро тарк кардани вакилони курд, намояндагони мардумии дигар қонуни интихоботро бо раъйи аксарияти лозим қабул намуданд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Ироқ, бо назардошти ихтилофоти мазкур, зоҳиран интихоботи маҷлисҳои вилоятии Ироқ имсол доир нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG