Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бандиёни “рӯйхати сиёҳ”-и Туркманистон


Ҷаннат Қиличдурдиева, ки бо бемориҳои ҷиддии занона ташхис шуда буд, ба хотири ҷилавгирӣ аз рушди саратон мебоист рӯйи кати ҷарроҳӣ бихобад.

Вале дар Туркманистон бемористони муносибе пайдо нашуд ва ӯ бо машварати табибон роҳии Маскав гардид. Ҷаннат ҳаққи раводид ва чиптаи сафар ба Маскавро ҳам харид, аммо дар фурудгоҳ марзбонони туркман ӯро нагузоштанд, ки вориди ҳавопаймо шавад. Дар фурудгоҳ ба Ҷаннат фаҳмониданд, ки номаш дар “феҳристи сиёҳ”-и Кумитаи амнияти миллист ва ӯ наметавонад Туркманистонро ба қасди ягон кишвари хориҷӣ тарк гӯяд.

Худи Ҷаннат Қиличдурдиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин қазияро чунин шарҳ дод: “Масъулони хадамоти муҳоҷират ба ман гуфтанд, ки “Ту мушкил дорӣ ва наметавонӣ аз Туркманистон берун биравӣ”. Ман пурсидам, ки ин чи мушкил аст? Онҳо гуфтанд, ки мушкили ту марбут ба кумитаи амнияти миллист. Ва ман гуфтам, ки агар чунин мушкил доштам, пас чаро танҳо дар ин бора дар фурудгоҳ огоҳ шудам? Агар чунин мушкил ҳаст, пас чаро ман дар бораи он намедонистам? Ва барои чи кумитаи амният ҳич гоҳ дар ин бора чизе нагуфта буд?”.

Ҷаннат мегӯяд, мехост аз мақомоти Кумитаи амнияти миллии Туркманистон пурсад, ки чаро номи ӯ дар феҳристи сиёҳи онҳо ворид шудааст. Вале метарсад. Барои он ки, ба гуфтаи ӯ, бисёре аз онҳое, ки ба он ҷо рафтанд, дигарбора барнагаштанд. Ҷаннат мегӯяд, замоне падараш барои Радиои Озодӣ кор мекард ва шояд ба ҳамин далел номи ӯро ба рӯйхати сиёҳ даровардаанд. Вай акнун мехоҳад аз мақомоти Туркманистон расман дархост кунад, ки сафари ӯ ба хориҷ ба хотири табобатро иҷоза диҳанд.

Мисли Ҷаннати 38-сола дар Туркманистон садҳо нафаранд, ки барои узви хонаводаи ин ё он журналист, фаъоли ҳуқуқи башар ё мухолифи ҳукумат будан, исмашон дар рӯйхати сиёҳ афтодааст.

Созмони Авфи Байнулмилал ё Amnesty International, мақараш дар Лондон, мегӯяд, ин шеваи ҳукумати худкомаи Сафармурод Ниёзов буд ва ҳадаф аз тартиби чунин рӯйхат таҳти фишор нигоҳ доштани фаъолони ҳуқуқи башар ва мухолифони ҳукумат будааст. Бисёриҳо умед доштанд, ки ин рӯйхат дар замони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳурии кунунии Туркманистон, аз миён бардошта мешавад. Вале баръакс, ин феҳраст ҳамчунон ба қувваи худ барҷост ва исми афродеро фаро мегирад, ки нисбат ба ин ҳукумат назари интиқодомез доранд.

Ва мақомоти амниятӣ дар фурудгоҳҳо аз парвози ин гуна афрод ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, Аваз Аннаев, шаҳрванди Туркманистон, ки дар Маскав ба сар мебурд, соле пеш барои аёдати хонаводааш ба Ишқобод омад, аммо дигар наметавонад ба Маскав баргардад. Мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки номаш дар рӯйхати сиёҳ аст, чунки завҷаи ӯ хоҳари яке аз мухолифони ҳукумат мебошад.

Аваз Аннаев дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман ба Туркманистон баргаштам, зеро бовар доштам, ки вазъ дар ин ҷо тағйир кардааст. Вале иштибоҳ кардам. Акнун беш аз як сол аст, ки наметавонам фарзанд ва ҳамсарамро бубинам”.

Онҳое, ки исмашон дар рӯйихати сиёҳи Кумитаи амнияти миллиии Туркманистон асту наметавонанд берун аз кишварашон раванд, ба хадамоти муҳоҷирати ин кишвар нома навишта, хостори таҷдиди назар дар қазияи худ шудаанд. Ин мардум инак чанд моҳ аст, ки дар интизори посухи нома нишастаанд. Вале Ҷаннат Қиличдурдиева, ки ҷиддан мариз аст, наметавонад ба мӯҳлати тӯлонӣ мунтазир бимонад…

XS
SM
MD
LG