Пайвандҳои дастрасӣ

Караҷич ба Додгоҳи Гаага истирдод мешавад


Мақомоти Сербия дар бораи истирдоди Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ, ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ё Гаага тасмим гирифтанд. Дар ин бора додраси Додгоҳи вижа оид ба ҷиноёти низомӣ Владимир Вукчевич хабар дод. Ва аммо ҳанӯз санаи истирдоди Караҷич мушаххас нашудааст. Раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ тайи 12 соли ахир фирорӣ шумурда мешуд. Ва аммо мақомоти Сербия имрӯз хабар доданд, ки Караҷич бо асноди тақаллубӣ дар як бемористони хусусии Белград, пойтахти Сербия кор мекард. Ӯ риши сафеди дароз дошт ва худро ҳамчунин Драган Дабич муаррифӣ менамуд, аз ин рӯ боздошташ ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд.

Хабари боздошти Караҷич бегаҳи дирӯз паҳн шуд, вале баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки амалиёт барои дастгир кардани ӯ ҳанӯз рӯзи ҷумъа сурат гирифта буд. Ёдовар мешавем, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг раҳбари собиқи сербҳои Босниро дар даст доштан дар куштори 12 ҳазор сокинони осоиштаи шаҳри Сараево ҳангоми муҳосираи ин шаҳр ва ҳамчунин дар қатли тақрибан 8 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 муттаҳам медонад.

XS
SM
MD
LG