Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷримон то фарорасии Рамазон эъдом мешаванд


Мақомоти Индонезӣ изҳор карданд, ки ҳукми эъдом дар баробари се мусаллаҳи муттаҳам дар ташкили инфиҷорҳо дар ҷазираи Балӣ моҳи сентябр иҷро хоҳад шуд. Шаш сол қабл бар асари чанд инфиҷор дар ин ҷазира беш аз 200 нафар, асосан, сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида буданд. Зимни тафтишот муқаррар гардид, ки амали террористӣ аз сӯи гурӯҳи “Ҷамоаи исломӣ” тарҳрезӣ ва татбиқ шудааст. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса 30 нафар боздошт шуданд ва мурофиаи додгоҳӣ бо ҳукми эъдоми се нафари онҳо поён ёфта буд.

Ҳендарман Супанҷӣ, Додситони Кулли Индонезӣ гуфт, ки маҳкумшудагон ҳама имконоти қонунии лағви ҳукми додгоҳро истифода карданд ва аммо ба тайғири ҳукм муваффақ нашуданд. Ӯ афзуд, ки ҳукми эъдом то фарорасии моҳи шарифи Рамазон иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG