Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фуруди изтирории ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"


Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”, ки дар масири Хуҷанд-Маскав парвоз мекард, бо иллати мушкили техникӣ дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон фуруд омад. Дар ҳавопаймо 147 мусофир ва 8 сарнишин буданд ва ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, ба нафаре аз онҳо осеб нарасидааст. Гуфта мешавад, ки системи поксозии ҳаво дар Boeing-747 аз кор бозмондааст ва сарнишинон барои пойин шудан дар фурудгоҳи наздиктарин тасмим гирифтанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG