Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Шимон Перес бо Маҳмуд Аббос


Раиси ҷумҳури Исроил, Шимон Перес, имрӯз 22 июл бо ҳамтои фаластинии худ Маҳмуд Аббос мулоқот ва талошҳо барои сулҳ дар Ховари Миёнаро баррасӣ мекунад. Ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳури Исроил, мулоқот дар қароргоҳи расмии раиси ҷумҳур дар Байтулмуқаддас баргузор мешавад. Шимон Перес, ки мақоми асосан рамзиро соҳиб аст, аз тарафдорони музокироти сулҳ аст, ки моҳи ноябри соли гузашта Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт шурӯъ карданд ва қавл додаанд, то охири соли 2008 созишномаи сулҳро имзо мекунанд. Аммо дар музокироти онҳо то кунун пешрафти мушаххасе ҳосил нашудааст.
XS
SM
MD
LG