Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дидор бо Моликиро созанда хонд


Барак Обама номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби Демократ мегӯяд, бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ “гуфтугӯи бисёр созанда” доштааст. Ҳукумати Ироқ низ бо нашри баёнияи расмӣ доир ба мулоқоти рӯзи душанбе дар шаҳри Бағдод эълом кард, зимни дидор бо Барак Обама, Нурӣ Ал-Моликӣ ӯро аз пешрафтҳои ахир дар умури сиёсӣ ва амният дар ҷараён гузоштааст. Дар баёния гуфта мешавад, Барак Обама аз ин пешрафтҳо ибрози хушнудӣ кардааст. Вакили мардумӣ ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико ҳамчунин бо раиси ҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ дидору гуфтӯгу дошт. Барак Обама гуфтааст, дар сурати интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи ноябр, нерӯҳои кишварашро аз Ироқ дар муддати 16 моҳ ба ватан бармегардонад.

XS
SM
MD
LG