Пайвандҳои дастрасӣ

Радован Караджичро боздошт карданд


Раиси ҷумҳури пешини Сербҳои Боснӣ Радован Караджичро, ки ба наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мешавад, дар Сербистон боздошт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Сербистон иттилоъ дода гуфт, Радован Караджичро шоми душанбе маъмурони амниятӣ зимни як амалиёт дастгир кардаанд. Дар баёнияи омадааст, Радован Караджич ба назди додраси ҷиноятҳои ҷангии Белград ҳозир карда шуд, ки бар асоси қонун бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ барои Югославияи собиқ ҳамкорӣ мекунад.
Иттиҳодияи Аврупо боздошти Караджичро "баёнгари тааҳҳуди ҳукумати нави Белград барои мусоидат ба сулҳи субот" дар Балкан хонд. Амрико боздоштро "намоиши муҳими тааҳудоти ҳукумати Сербистон ба ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангии Югославия" номидааст.
Радован Караджичро ду маротиба ба наслкушӣ муттаҳам кардаанд, нахуст барои муҳосираи 43 моҳаи шаҳри Сараево, ки он замон 12 ҳазор нафар қурбон шуданд ва дуввум маротиба барои ташкили қатли оми ҳудуди 8 ҳазор ҷавонону мардони мусулмон дар маҳалли Сребренитса дар соли 1995, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бадтарин ҷиноят дар таърихи Аврупо маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG