Пайвандҳои дастрасӣ

"Евровижн-2009" дар Маскав хоҳад гузашт


Бино ба хабарҳо, сарвазири Русия Владимир Путин шаҳри Маскавро маҳалли баргузории озмуни соли ояндаи “Евровижн” интихоб кардааст. Русия ҳаққи мизбонии ин сабқати мӯътабари овозхонҳои қораи Аврупоро бо шарофати пирӯзии овозхонаш Дима Билан дар озмуни имсолаи “Евровижн” дар Белград ба даст овард, вале то кунун маълум набуд, ки сабқати оянда дар Маскав хоҳад гузашт ё дар Санкт-Петербург.

Волии Петербург Валентина Матвиенко хеле мехост,”Евровижн –2009” дар шаҳри ӯ гузарад, вале худи Дима Билан исрор варзида, ки Маскавро интихоб кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG