Пайвандҳои дастрасӣ

Мизони воридоти газ аз Узбакистон 45% коҳиш ёфт


Узбакистон ҳаҷми содироти газаш ба Тоҷикистонро аз шаби якшанбе 45 % коҳиш додааст. Аз аввали сол ин бори севвум аст, ки Тошканд содироти газаш ба Тоҷикистонро коҳиш медиҳад. Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷикгаз” гуфт, феълан аз Узбакистон дар шабонарӯз 528 000 метри мукааби газ ворид мешавад.

Оқои Шоимов гуфт, далели ин иқдоми Тошканд қарзи ҷамъшудаи газ будааст, ки феълан болиғ аз 7 миллион доллар шудааст. Муовини раиси “Тоҷикгаз” гуфт, бахши аъзами қарзи ҷамъшуда ба ширкатҳои “Барқи Тоҷик” ва “Тоҷиксемент” тааллуқ мегирад, ки яке наздики 4 ва дуввумӣ ба маблағи 2,5 миллион доллар пули газро пардохт накардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG