Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои хунин дар Балуҷистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, даргириҳои сангин байни нирӯҳои ин кишвар ва ҷангиёни ҷудоиталаб дар вилояти Балуҷистон дар ҷанубу ғарби Покистон 6 сарбози артиш ва 30 чирикиро кушта барҷой гузошт.

Нирӯҳои амниятӣ дар пайи ҳамлаи рӯзи шанбе ба як корвони нирӯҳои шибҳанизомӣ амалиёти густардаеро алайҳи чирикиҳои балуҷ ба роҳ андохтаанд. Нирӯҳои давлат то кунун 2 пойгоҳи чирикиҳоро тахриб ва чанд амбори аслиҳаро забт карда, ва 30 чирикиро боздошт кардаанд.

Вилояти фақрзадаи Балуҷистон, воқеъ дар марз бо Эрону Афғонистон, солҳост дар панҷаи ошӯбҳо қарор дошта, қабилаҳои балуҷи ин қаламрав ҳуқуқи бештари сиёсӣ ва ҳаққи бештар аз фоидаи фурӯши захираҳои табии минтақаро тақозо мекунанд.
XS
SM
MD
LG