Пайвандҳои дастрасӣ

Аҷиристон ба дасти Толибон гузашт


Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, ҷангиёни Толибон шаби гузашта дар натиҷаи як шабехун, ки як афсари пулисро кушта ва дуи дигарро захмӣ барҷой гузошт, улусволии дурдасти Аҷиристон дар вилояти Ғазниро таҳти назорати худ даровардаанд. Нирӯҳои маҳаллии амниятӣ таҳти фишори ҳамлаи ҷангиён ин минтақаи воқеъ дар 200-километрии ҷанубу ғарби Кобулро тарк кардаанд.

Бино ба хабари дигар, як сарбози дар вилояти Ҳилманд захмишудаи АЙСАФ дар бемористон даргузаштааст.

Ҳуввият ва миллияти ин сарбоз ҳанӯз эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG