Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Гордон Браун ба Эрон


Сарвазири Бритониё Гордон Браун Эронро ҳушдор дод, ки дар сурати радд кардани пешниҳоди қудратҳои ҷаҳонӣ роҷеъ ба фаъолиятҳои баҳсбарагези ҳастаияш ба инзивоъи афзоянда рӯбарӯ хоҳад шуд. Гордон Браун, ки барои нахустин бор дар Кнессет, парлумони Исроил сухан меронд, ҳамчунин таҳдидҳои ба гуфтаи ӯ, “зишт”-и раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод алайҳи Исроилро маҳкум кард: “Эрон интихоби возеҳе дорад: ё барномаи таслиҳоти ҳастаияшро мутаваққиф сохта, пешниҳоди мо дар музокиротро мепазирад, ва ё бо инзивоъи афзоянда ва бо посухи муштарак – аз сӯи нафақат як кишвар, балки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон - рӯбарӯ хоҳад шуд(чаппакзанӣ).”

5 кишвари узви доимии ША бо иловаи Олмон ба Эрон дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш, ки ба бовари Ғарб, сохтани силоҳи ҳастаиро ба ҳадаф дорад, як баста имтиёзоти моливу дипломатӣ пешниҳод кардаанд.

Имрӯз вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс низ гуфт, ки Эрон бояд дар зарфи 2 ҳафта ба пешниҳоди ҷомиаи байналмилалӣ ҷиддан посух бидиҳад, вагарна дар рӯбарӯи иқдомоти бештари муҷозотӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG