Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон тайи рӯзҳои ахир ба иллати напардохтани қарз интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қариб ду баробар коҳиш додааст.

Тибқи иттилоъи корхонаи давлатии «Тоҷикгаз», феълан ҳаррӯза аз Узбакистон ба Тоҷикистон ҳудуди 22 ҳазор метри мукааб дар як соат газ интиқол дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан аз 30 то 40 ҳазор метри мукааб ворид мешуд.

Иллати коҳиш дода шудани интиқоли гази узбакӣ қарзи ҷониби Тоҷикистон унвон мешавад, ки беш аз $7 миллионро ташкил медодааст.

Гуфта мешавад, ки қарздорони асосӣ ширкати «Барқи тоҷик» (3,8 миллион) ва корхонаи давлатии «Тоҷиксемент» (2,5 миллион) мебошанд.

XS
SM
MD
LG