Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордоди марзӣ байни Русияву Чин


Русияву Чин дар мавриди як баҳси чилсолаи марзӣ ба тавофуқ расидаанд. Ин созишнома имрӯз дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Пекин имзо шуд.

Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои чиноияш Янг Ҷейчи дар Пекин гуфт: “Акнун аз лиҳози ҳуқуқӣ тамоми шароит муҳайё шудааст, то ки марзи Русияву Чин то абад ба як марзи субот, дӯстӣ ва пешрафту шукуфоӣ табдил биёбад.”

Ҷузъиёти созишномаи имзошуда ҳанӯз дастрас нест, вале рӯзномаи “Чайна Дейли” навишт, ки Русия 174 километри мураббаъ заминро ба Чин бармегардонад. Сухан дар бораи ҷазирақаламравҳое дар рӯдхонаи марзии Амур меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG