Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Б.Раҷабалиев: Мақсади мо – ба даст овардани медалҳои олимпӣ


Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ҳамагӣ 19 рӯз мондааст. Шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин 14 варзишгар дар 7 навъи варзиш ҳимоя хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба хабарнигорони соҳаи варзиш дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин иттилоъ дод. Вай, аз ҷумла, гуфт: «Варзишгарони мо ба Олимпиадаи Пекин ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Мувофиқи имконоти хеш мо барои тамрини онҳо шароити зарурӣ фароҳам сохтаем. Мо аз паҳлавонон Юсуф Абдусаломов, Виталий Корякин (гуштии озод), Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Ҷаҳон Қурбонов, Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов (бокс) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ) натоиҷи баландро чашмдорем. Ва умедворем, ки баъди 16 сол намояндагони Тоҷикистон соҳиби медалҳои олимпӣ мешаванд».

Раҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иброз дошт, инчунин, барои омодагии гурзандоз Галина Митяева, шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова, камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов, ки ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф гардидаанд, шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст.

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев, ҳайати вакилони Тоҷикистон ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин як ҳафта қабл аз оғози Бозиҳо сафар хоҳад кард. Раҳбари Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин, ки 8-уми август дар Варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда» доир мегардад, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG