Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров рӯзи 25 июл ба Тоҷикистон сафар мекунад


ВАзири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз бо дидори Чин, силсиласафараш ба кишварҳои Осиёро оғоз мекунад. Лавров баъд аз Чин, рӯзҳои 23 ва 24 июл дар нишасти АСЕАН, Иттиҳодияи кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, ва дар як анҷумани амниятии ин минтақа ширкат варзида, сипаси роҳии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Рӯзи 25 июл Сергей Лавров дар Душанбе дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай иштирок мекунад. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 28 июл доир мешавад.

Ин созмон Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад.

XS
SM
MD
LG