Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама вориди Бағдод шуд


Барак Обама, номзади Ҳизби демократи Амрико ба интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ, рӯзи душанбе баъд аз дидори Афғонистон вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.

Қарор аст, Барак Обама бо сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ ва бо фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар ин кишвар генерал Дейвид Петреус мулоқот кунад. Обама хостори аз Ироқ берун кашидани нирӯҳои Амрико дар зарфи 16 моҳ аз замони нишастанаш ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико шудааст. Ин дар ҳолест, ки фармондеҳи ситоди кулли артиши Амрико адмирал Майк Муллен гуфтааст, таъйини чунин ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ метавонад “пайомадҳои хатарнок” дошта бошад.

Барак Обама дар пайи Ироқ, аз Урдуну Исроил ва Олмону Фаронсаву Бритониё низ дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG